баробар

баробар
[برابر]
1. як хел, якранг, яксон
2. ҳамто, назир; мисл, монанд; наздик
3. мусовӣ, муодил, мутобиқ
4. рӯ ба рӯ, муқобил
5. якҷоя, ҳамроҳ
6. якбора, дар як вақт, дар айни замон; баробари… а) дар як вақт бо…; б) ҳамоно, ҳамон замон; дар баробари… дар қатори…; дар баробари ин // баробари ин (ҳамин) дар айни замон; дар зимн, зимнан; баробар будан ба касе (дар сол) ҳамсинну ҳамсол будан бо касе; баробар кардан а) ҳамвазн гардонидан, ҳамсон намудан; б) ҳисоби додугирифтро яктарафа кардан; в) додан, пардохтан, адо кардан (-и қарз); баробар кардани касе бо касе дар як саф ҷой додан, дар як қатор гузоштани касе бо касе; баробар омадан мувофиқат кардан, дуруст (мувофиқ) омадан; баробар омада натавонистан ҳариф шуда натавонистан, муқобилат карда натавонистан; баробар шудан бо касе а) дар коре расида гирифтан ба касе, мусовӣ шудан, ҳамсон шудан; б) маҷ. муқобилият нишон додан ба касе; ҷангу ҷидол кардан бо касе; ба (бо) ҷон баробар азиз, гиромӣ; бо ҳама баробар будан бо ҳама як хел муносибат доштан; ҳамаро ба як чашм дидан; дар ҳама ҷо хурӯс баробар ҷеғ мезанад (мақ.) вазъият дар ҳама ҷо як хел аст; об ба лаби ҷӯ(й) баробар шудан хуб анҷом ёфтани кор, рӯ ба беҳбудӣ овардани кор

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем сделать НИР

Смотреть что такое "баробар" в других словарях:

  • баробарҳуқуқӣ — [برابرحقوقي] баробарҳуқуқ будан, дорои ҳуқуқи якхела будан, аз ҷиҳати ҳуқуқ яксон будан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • баробарқувва — [برابرقوه] дорои қувваи баробар, қувваи якхела дошта …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • баробарӣ — [برابري] 1. ҳамвазнӣ, ҳамсонӣ, мутобиқат 2. вазъияти мардум дар ҷамъият, ки дар ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ ҳама мусовӣ мебошанд, мусовот 3. нисфӣ, нимӣ …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • баробарҳаҷм — [برابرحجم] аз ҷиҳати ҳаҷм яксон, ҳаҷми якхела дошта …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • баробарҳуқуқ — [برابرحقوق] дорои ҳуқуқи якхела, аз ҷиҳати ҳуқуқ яксон …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • баробарқимат — [برابرقيمت] аз ҷиҳати қимат якхела, дорои баҳои ба ҳам монанд …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • мусовӣ — [مساوي] 1. баробар, муодил 2. варз. холҳои баробар гирифтани мусобиқакунандагон, баробархолӣ, бена тиҷагии бозии варзишӣ; мусовӣ будан риёз. а) баробар будани ҳисоби масъала ё супорише; б) варз. соҳиби холҳои баробар будани мусобиқакунандагон; бе …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • истиво — [استواء] а. баробарӣ, эътидол, баробар шудан; истивои лайлу наҳор баробар шудани шабу рӯз; хати истиво хате, ки аз маркази Замин гузашта, онро ба нимкураи шимолӣ ва нимкураи ҷанубӣ ҷудо мекунад …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • об — I [آب] 1. моеи шаффофи беранг, ки дар ҳолати софӣ ва беолоишӣ аз омезиши химиявии як унсури оксиген ва ду унсури ҳидроген иборат аст; оби маъдан обе, ки дар таркиби худ маъдан дорад; оби гарм муқоб. оби сард; оби равон оби ҷорӣ: муқоб. оби… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • паҳлу — [پهلو] 1. яке аз ду тарафи сина ва шикам, тарафи рост ва чапи сина ва шикам 2. тараф, ҷониб 3. бо изофа ва пешояндҳои аслӣ омада маънои тараф, ҷониб, самт; канор, канора, қатор, саф ва ғайраро ифода мекунад; паҳлуи…, аз паҳлуи…, дар паҳлуи…… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»